مسألة № 01062
Имом чӣ гуна бояд ният кунад?
مسألة:
Ассалому алайкум. Имом чӣ гуна бояд ният кунад? Илтимос, мефаҳмондед. Аллоҳ нигаҳбони мову шумо бошад.
Саволдиҳанда: Ҳикматулло
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, имом ҳам монанди дигар намозгузорон ният мекунад, вале “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода” намегӯяд. Масалан, агар фарзи намози бомдод бошад, чунин ният мекунад: «Ният кардам бигузорам ду ракъат фарзи намози бомдоди ҳамин вақт, ки бар ман аст, руй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисал-лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар».