مسألة № 01064
Як рафиқи ман дандонҳои протезии худро, ки аз оҳану садаф сохта шудаанд, нохост фурӯ бурдааст. Пас аз чанд вақте онҳо бо роҳи табиӣ баромадаанд. Оё он рафиқам метавонад онҳоро шуста боз истифода барад?
مسألة:
Ассалому алайкум. Як рафиқи ман дандонҳои протезии худро, ки аз оҳану садаф сохта шудаанд, нохост фурӯ бурдааст. Пас аз чанд вақте онҳо бо роҳи табиӣ баромадаанд. Оё он рафиқам метавонад онҳоро шуста боз истифода барад? Мунтазири ҷавоби шумоем. Қаблан сипосгузорам.
Саволдиҳанда: Шоир
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар дар ин дандонҳо ягон тағйироте дида нашавад ва ба истифода бурдани он табъаш моил бошад, пас аз се бор шустан онҳоро истифода бурдан боке надорад. Агар тавоноии молӣ дошта бошад, қолаби нав гирифтанаш беҳтар аст. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 2, с. 383-384)