مسألة № 01074
Ҳозир дар аксар мактабҳо талабаҳое ҳастанд, ки худашонро зӯр мегиранд ва ҳамсинфони аз худашон нотавонро озор медиҳанд.Бо ин гуна талабаҳо чӣ кор кардан даркор?
مسألة:
Домуллои муҳтарам, ҳозир дар аксар мактабҳо талабаҳое ҳастанд, ки худашонро зӯр мегиранд ва ҳамсинфони аз худашон нотавонро озор медиҳанд. Бо ин гуна талабаҳо чӣ кор кардан даркор? Оё бо онҳо ҷанг кунем?
Саволдиҳанда: Манучеҳр
إجابة:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар дини мубини Ислом озору азият расонидан ва зулму ситам кардан ба дигарон ҳаром аст. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Паҳлавони ҳақиқӣ ҳамон касе аст, ки ғазаби худро фурӯ мебарад”. Шуморо ба сабру таҳаммул ва диндорӣ тавсия мекунем, умед аст, ки он наврасоне, ки ба ин гуна корҳо даст мезананд, роҳи ростро ёфта, афроди солеҳ ва нек мешаванд. Худованд ба ҷавонону наврасони мо тавфиқ ва ҳидояти комил насиб гардонад.