مسألة № 00011

Оё ҷоиз аст, ки дар ҷойи қабристони кӯҳнашуда иморате бино карда шавад?

مسألة:

Оё ҷоиз аст, ки дар ҷойи қабристони кӯҳнашуда иморате бино карда шавад? Илтимос домулло ба мо дар доираи мазҳаби ҳанафӣ ҷавоби мушаххас диҳед.
Бо эҳтиром, бародари мусалмони Шумо Аҳмадҷон аз Кӯлоб.

Саволдиҳанда Аҳмадҷон

إجابة:

Вақте, ки устухони майит пӯсида, хок гардад, хароб кардани қабраш ва бино сохтан бар он ҷоиз аст. Ҳеҷ фарқе нест, ки чӣ бино сохта шавад. Заминҳо ба эътибори пусонидан тафовут доранд. Дар заминҳои Тоҷикистон устухони майит дар муддати си то чил сол мепусад.

 وأجاز الحنفية الزرع والبناء في محل قبر إذا بلي وصار ترابا
                                    .Мазҳаби ҳанафӣ дар мавзеъи қабр зироат кардан ва бино сохтанро ҷоиз медонанд, вақте, ки устухонҳои майит пусида, хок гарда
Ал-фиқҳул исломӣ ва адиллатуҳу ҷ.2, с,528

              كما جاز زرعه والبناء عليه إذا بلي وصار ترابا.زيلعي.       

Ҳамчуноне, ки зироат кардан ва бино сохтан дар мавзеъи қабр ҷоиз аст, устухони майит пусида, хок гардад.
Дур-рул-мухтор, ҷ.1, с.662

Хулоса тибқи далелҳои зикр гардида, агар майити охирон дафнгардида дар ин қабристон зиҳда аз 40 сол шуда бошад, бино ҳ зироат кардан дар мавзеи қабристон ҷоиз аст. Ҳукми мазкур дар сурате имконпазир аст, ки барои сохтмони иншооти номбурда макони дигаре мавҷуд набошад. Дар сурати дигар беҳтар ин аст, ки ин мавзеъ ҳамчун қабристон истифода шуда дар макони қабрҳои кӯҳна майити нав дафн карда шавад.

2015-02-05
4516
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43