مسألة № 01100

Оё дар байни намози аср ва шом намоз гузоридан дуруст аст? Мегӯянд, ки агар қазо бошад, ҳеҷ гап надорад.

مسألة:

Ассалому алайкум. 1.Оё дар байни намози аср ва шом намоз гузоридан дуруст аст? Мегӯянд, ки агар қазо бошад, ҳеҷ гап надорад. Шумо чӣ мегӯед? 2. Баъд аз намозҳои панҷвақта дуо кардан шарт ё зарур аст? Пурра маълумот медодед.

Саволдиҳанда: Ибодуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар байни намози асру шом, инчунин пас аз дамидани субҳ то тулуъи офтоб гузоридани намози нафл макрӯҳ аст, аммо гузоридани намози қазоӣ дуруст аст. 2. Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ пас аз намозҳои панҷвақта дуо кардан амри мустаҳаб аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 10-11; “Нурул-изоҳ”, с. 80)

2017-05-02
4380
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54