مسألة № 01111

Кадоме аз ин амалҳои зайл муҳимтар аст, яъне гӯш кардан ва такрор намудани иқомат ё дарёфт кардани такбири таҳрима бо имом ё гуфтани сано? Агар ба муаззин гӯш диҳему баъд аз он ният кунем, ҳам такбири таҳримаро бо имом дарнамеёбем ва ҳам саноро хонда наметавонем.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, кадоме аз ин амалҳои зайл муҳимтар аст, яъне гӯш кардан ва такрор намудани иқомат ё дарёфт кардани такбири таҳрима бо имом ё гуфтани сано? Агар ба муаззин гӯш диҳему баъд аз он ният кунем, ҳам такбири таҳримаро бо имом дарнамеёбем ва ҳам саноро хонда наметавонем. Чунки бисёри имомон бо муҷарради тамом кардани муаззин “Аллоҳу Акбар” мегӯянд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Муқтадӣ баъд аз сано истиоаза ва басмаларо мехонад?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, вақте ки муаззин “қад қоматис-салот”-ро гуфт, имом ва қавм ба намоз шуруъ мекунанд ва сано мехонанд, имом истиоза ва басмала гуфта, қироат мекунад, аммо муқтадӣ хомӯш истода ба қироати имом гӯш медиҳад. 

2017-05-08
3318
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54