مسألة № 01115
Оё метавонем дар каъдаи охир пас аз салавот ва пеш аз салом якчанд дуоҳоро хонем? Дуоро пеш аз салом хондан хубтар аст ё пас аз он?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Домуллои азиз, оё метавонем дар каъдаи охир пас аз салавот ва пеш аз салом якчанд дуоҳоро хонем? Дуоро пеш аз салом хондан хубтар аст ё пас аз он? Оё нисбати шумора ва намуди дуо маҳдудият аст? Ҳамаи дуоҳо бояд ба забони арабӣ бошанд?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар намозҳои панҷгона беҳтар аст, ки баъд аз салом дуо кунед. Дар намозҳои нофила бошад, пеш аз салом ва баъд аз салом дуо карда метавонед. Албатта дуоҳои дохили намоз бояд аз дуоҳои маъсура ва бо забони арабӣ бошанд. Аммо пас аз салом дуо кардан ба забони арабӣ ва ғайри арабӣ дуруст аст.