مسألة № 01129

Шавҳарам ба ман гуфт, ки агар ба ман занг занӣ, ту ба ман се талоқ не, сию се талоқ. Ду солу се моҳ мешавад, ки ба ӯ занг намезанам ва фақат паёмак мефиристам. Чанд касро пурсидем, ҷавобҳои гуногун доданд. Яке мегӯяд, ки як талоқ кунад, пас аз се моҳ аз сари нав никоҳ кунад.

مسألة:

Ассалому алайкум. Шавҳарам ба ман гуфт, ки агар ба ман занг занӣ, ту ба ман се талоқ не, сию се талоқ. Ду солу се моҳ мешавад, ки ба ӯ занг намезанам ва фақат паёмак мефиристам. Чанд касро пурсидем, ҷавобҳои гуногун доданд. Яке мегӯяд, ки як талоқ кунад, пас аз се моҳ аз сари нав никоҳ кунад. Дигаре мегӯяд, ки як талоқ кунад, баъд аз як ё ду рӯз никоҳ кунад. Сеюмӣ мегӯяд, ки агар писар таваллуд кунад, қасам бурида мешавад. Ман писар таваллуд кардам ва думоҳа шудааст. Лекин ба шавҳарам занг намезанам, метарсам. Илтимос, ривояти ҳамин қасамро ба ман ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда: Самира

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо набояд, ки ба шавҳаратон занг занед, дар акси ҳол се талоқ воқеъ хоҳад шуд. Писар таваллуд кардан ба талоқ ҳеҷ рабте надорад, балки ин сухан хурофоте беш нест. Азбаски масъалаи талоқ паҳлуҳои зиёд ва печида дорад, дар сурати доштани имкон ҳамроҳи шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.

2017-05-12
4454
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

01.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:19
المغرب17:17
العشاء18:47