مسألة № 01148
Бародарам мегӯяд, ки мӯи саратро мисли ғайри мусулмонон паст мекунӣ, мисли чизҳое, ки дар Ислом ҳаром ҳастанд, ин низ ҳаром аст. Ростӣ, мӯи сарам бисёр тунук аст, болои сарамро зиёдтар мемонам, аммо паҳлуҳои сарамро пасттар мекунам. Оиди ин масъала каме тавзеҳ медодед.
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ устод. Бародарам мегӯяд, ки мӯи саратро мисли ғайри мусулмонон паст мекунӣ, мисли чизҳое, ки дар Ислом ҳаром ҳастанд, ин низ ҳаром аст. Ростӣ, мӯи сарам бисёр тунук аст, болои сарамро зиёдтар мемонам, аммо паҳлуҳои сарамро пасттар мекунам. Оиди ин масъала каме тавзеҳ медодед.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, паст кардани мӯи атрофи сар ҳаром нест, балки амри мубоҳ аст, зеро ҳаромро фақат Худованд муайян мекунад. Модоме ки шумо зарурат доред, боке надорад.