مسألة № 01162
Оё кирми лойхӯрак дар Ислом ҳалол аст ё ҳаром? Мегӯянд, ки барои устухони шикаста фоидаовар аст. Мехостам бидонам, ки кадом ҳайвон ҳалол ва кадомаш ҳаром аст.
مسألة:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё кирми лойхӯрак дар Ислом ҳалол аст ё ҳаром? Мегӯянд, ки барои устухони шикаста фоидаовар аст. Мехостам бидонам, ки кадом ҳайвон ҳалол ва кадомаш ҳаром аст.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом хӯрдани ҳашарот, аз ҷумла кирм ҳаром аст. Он чи шумо дар бораи хосияти шифоӣ доштани кирм пурсон шудаед, онро табибон беҳтар медонанд. Аз нигоҳи шариат тамоми он ҳайвоноте, ки дандон доранд ва ба он шикор мекунанд, хоҳ хонагӣ бошанд ё ваҳшӣ, аз қабили саг, гурбаи хонагӣ, шеру гург, палангу юз, гурбаи ваҳшию санҷоб, маймуну фил ва ғайра ҳаром ҳастанд. Гӯшти ҳеҷ даррандае дар мазҳабҳои ҳанафию шофеӣ, ҳанбалӣ ва дар як қавл назди моликиҳо ҳалол нест.Пайғомбари Худо (с) хӯрдани гӯшти ҳама навъҳои даррандагон ва парандагони соҳибчангро манъ кардаанд. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 134; “Муснад”-и Аҳмад, ҷ. 5, с. 194)