مسألة № 01166
Мо дар ғурбат ҳастем, бо як бародар вохӯрдам, ӯ гуфт, ки дар як фирмаи туркӣ кор мекунем, дар ҷои корамон як ҳуҷраро масҷид карда панҷ вақт намоз мегузорем. Рӯзи ҷумъа дар ҳамон ҷо намози ҷумъаро мехонем. Аз як домулло шунидам, ки намози ҷумъа фақат дар...
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, мо дар ғурбат ҳастем, бо як бародар вохӯрдам, ӯ гуфт, ки дар як фирмаи туркӣ кор мекунем, дар ҷои корамон як ҳуҷраро масҷид карда панҷ вақт намоз мегузорем. Рӯзи ҷумъа дар ҳамон ҷо намози ҷумъаро мехонем. Аз як домулло шунидам, ки намози ҷумъа фақат дар масҷиди ҷумъахонӣ хонда мешавад. Ин бародарон намози ҷумъаро хонанд ё ин ки фақат намози пешинро гузоранд. Дар ҳаққи мо ғарибон дуо кунед. Пешакӣ миннатдорам.
Саволдиҳанда: Муҳаммад
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо дар он ҳуҷра фақат намозҳои панҷвақтаро метавонед гузоред, на намози ҷумъаро, зеро намози ҷумъа шартҳо дорад ва шартҳои иқомати ҷумъа дар ин ҷо вуҷуд надорад. Рӯзи ҷумъа шумо метавонед дар он ҳуҷра намози пешинро гузоред. Худованд шуморо дар ҳифзу паноҳаш нигоҳ дорад ва дар кору зиндагиатон хайру баракат ато фармояд.