مسألة № 01171
Кӯдаке, ки хатнашуда таваллуд мешавад, суннатӣ ҳаст ё на? Шунида будам, ки пайғамбарон суннатӣ таваллуд мешаванд. Баъзе одамон мегӯянд, ки кӯдаке хатнашуда таваллуд мешавад, номашро Суннатулло мемонанд.
مسألة:
Ассалому алайкум. Кӯдаке, ки хатнашуда таваллуд мешавад, суннатӣ ҳаст ё на? Шунида будам, ки пайғамбарон суннатӣ таваллуд мешаванд. Баъзе одамон мегӯянд, ки кӯдаке хатнашуда таваллуд мешавад, номашро Суннатулло мемонанд. Пурра
Саволдиҳанда: Валиҷон
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, баъзе атфол бо нишонаҳои аҷиб таваллуд мешаванд, аз ҷумла баъзе навзодон хатнашуда ба дунё меоянд. Ин сифат хоссаи пайғомбарон нест, ном гузоштан ба исми Суннатуллоҳ ҳатмӣ нест, балки ба ихтиёри волидайн вогузор мешавад, агар хоҳанд, ҳақ доранд, вагарна ҳар номеро, ки маънои қабеҳ надошта бошад, метавонанд бигузоранд.