مسألة № 01173

Ман шаш сол аст, ки бо ҷавоне вомехӯрем ва ҳамдигарро дӯст медорем. Ӯ зан дорад, ман духтари хонаам, ҳоло никоҳ накардем, аммо дар дил ӯро ҳамчун шавҳари худ қабул намудаам, доим ҳаракат мекунам, ки аз гуфтаи ӯ набароям ва ҳурматашро ҳамчун зан донам. Бе иҷозати ӯ ягон ҷо намеравам, ӯ низ доим мегӯяд, ки ту оилаи дуюми ман ҳастӣ....

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман шаш сол аст, ки бо ҷавоне вомехӯрем ва ҳамдигарро дӯст медорем. Ӯ зан дорад, ман духтари хонаам, ҳоло никоҳ накардем, аммо дар дил ӯро ҳамчун шавҳари худ қабул намудаам, доим ҳаракат мекунам, ки аз гуфтаи ӯ набароям ва ҳурматашро ҳамчун зан донам. Бе иҷозати ӯ ягон ҷо намеравам, ӯ низ доим мегӯяд, ки ту оилаи дуюми ман ҳастӣ. Мо якдигарро ҳамчун зану шавҳар қабул намудем ва шаш сол боз бидуни никоҳ вомехӯрем, оё нияти ҳардуи мо дар назди Худованд қабул мешавад?

Саволдиҳанда: Хоҳари исломӣ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, то вақте ки миёни шумо дар шоҳидии ду мард ва ё як марду ду зан иҷобу қабул сурат нагирад, байни шумо никоҳ воқеъ намегардад, бидуни анҷоми ин кор муносибати маҳрамона дар миёни шумо ҳаром аст ва сахт гунаҳгор мешавед. (“Мухтасурул-виқоя”, с. 48)

2017-06-01
4232
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.02.2025

أكثر
الفجر05:29
الظهر12:40
العصر16:24
المغرب18:23
العشاء19:53