مسألة № 01177
Як дӯсти хонаводагии мо бисёр зани ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ зани танҳо аст ва ду фарзанди ноболиғ дорад, зиндагиашро худаш пеш мебарад. Мегӯяд, ки аз кор монда шуда меоям ва саҳар барои намози бомдод бархоста наметавонам, доим қазоӣ мехонам. Оё ӯ барои ин кораш гунаҳгор мешавад ё на?
مسألة:
Ассалому алайкум. Як дӯсти хонаводагии мо бисёр зани ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ зани танҳо аст ва ду фарзанди ноболиғ дорад, зиндагиашро худаш пеш мебарад. Мегӯяд, ки аз кор монда шуда меоям ва саҳар барои намози бомдод бархоста наметавонам, доим қазоӣ мехонам. Оё ӯ барои ин кораш гунаҳгор мешавад ё на?
Саволдиҳанда: Зулфия
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ин модар барои фарзандонаш заҳмат мекашад, аҷру подоши бузургро аз назди Худованд соҳиб мешавад. Агар коҳилиаш дар намоз ва хоб монданаш аз бепарвоӣ бошад, албатта ӯ барои ин амалаш гунаҳгор мешавад, чунки намоз фармудаи Худованд аст ва набояд инсон пайдарпай ҳар рӯз намозро қазо кунад. Бояд кӯшиш кунад, ки намозашро дар вақташ адо намояд. Барои тарки намоз дар аҳодис ваидҳои зиёд омадааст. Худованд тавфиқ ато фармояд ва ёру мададгор бошад.