مسألة № 01191

Намоз пас аз чанд дақиқаи вақташ қазо мешавад? Чанд дақиқа пеш аз бомдод саҳархӯриро бас кунем?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Намоз пас аз чанд дақиқаи вақташ қазо мешавад? Дар масҷиди мо намози ҷумъаро манъъ кардаанд. Дирӯз ба ҷои ҷумъа намозим пешин хондем. Мо чӣ кор кунем? 3. Чанд дақиқа пеш аз бомдод саҳархӯриро бас кунем?

Саволдиҳанда: Комил

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, байни вақтҳои намозҳо ғайр аз намози бомдод то пешин фосила вуҷуд надорад, чун вақти намози пешин тамом шуд, вақти аср дохил мешавад. Барои маълумоти бештар ба тақвими “Вақтҳои намоз”-и сомона муроҷиат кунед. 2. Агар дар масҷиди шумо баргудор кардани намози ҷумъаро манъ карда бошанд, шумо наметавонед, ки дар он ҷо ҷумъа бихонед, зеро яке аз шартҳои иқомати ҷумъа иҷозати расмӣ аст. Агар дар наздикии шумо масҷиди ҷомеъ бошад, метаовонед дар он ҷо намози ҷумъаро бигузоред. 

2017-06-02
4007
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.04.2025

أكثر
الفجر03:59
الظهر12:40
العصر17:22
المغرب19:21
العشاء20:51