مسألة № 01197
Мо як гурӯҳ ҷавонон дар Федератсияи Русия ҳастем. Шукри Худо рӯза медорем ва намоз мегузорем. Барои адои намози таровеҳ ба масҷид меравем, аммо дар масҷид 8 ракъат намози таровеҳ...
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аввалан моҳи мубораки Рамазонро бароятон табрик мегӯям. Мо як гурӯҳ ҷавонон дар Федератсияи Русия ҳастем. Шукри Худо рӯза медорем ва намоз мегузорем. Барои адои намози таровеҳ ба масҷид меравем, аммо дар масҷид 8 ракъат намози таровеҳ мехонанд. Инчунин дар ракъати сеюми намози витр баъд аз замми сура такбир ногуфта дарҳол ба ҷои дуои қунут дуои дигареро мехонанд. Дар вақти хондани дуо дастҳоро бардошта омин мекунанд. Оё дуруст аст аз пасашон намоз хонем? Хоҳиш мекунам дар ҳаққи мо донишҷӯёни мусофир дуо кунед. Боқӣ дар паноҳи Аллоҳ бошед!
Саволдиҳанда: Абдунабӣ
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо намози таровеҳ ва намози витрро ҳамроҳи онҳо бо ҷамоат гузоред, пас аз он ки ба манзилатон омадед, 12 ракъати боқимондаро танҳо-танҳо ё бо ҷамоат гузоред. Чунки назди тамоми уламои аҳли суннат ва ҷамоат намози таровеҳ 20 ракъат буда, барои марду зан суннати муаккада аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Шумо ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошид ва ҳидоятёфта пайравӣ кунед ва ба он чанг бизанед”. Худованд ба ҳамаи шумо тавфиқу ҳидояти комил ва барору комёбӣ насиб гардонад.