مسألة № 01201

Домуллои азиз, дар аввали намози таровеҳ, байн ва охири он кадом дуову ният ва зикрҳо меоянд?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, дар аввали намози таровеҳ, байн ва охири он кадом дуову ният ва зикрҳо меоянд? Қаблан ташаккури зиёд.

Саволдиҳанда: Абдулҳамид

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, равиши гузоридани намози таровеҳ айнан монанди намози суннати бомдод аст, бо ин тафовут, ки муқтадӣ ба қироати имом гӯш медиҳад. Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар». Дар вақти истироҳат «тасбеҳи таровеҳ» хонда мешавад. Тасбеҳи таровеҳ чунин аст: “Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.

Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.

Пас аз итмоми намози таровеҳ ҳар дуое, ки хоҳад, метавонад бихонад. 

2017-06-07
5292
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54