مسألة № 01219

Лутфан дар бораи тарзи хондани намози фарз (масалан намози аср) ва намози таҳаҷҷуд каме маълумот медодед.

مسألة:

Ассалому алайкум. Лутфан дар бораи тарзи хондани намози фарз (масалан намози аср) ва намози таҳаҷҷуд каме маълумот медодед. 

Саволдиҳанда: Зикруллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, равиши гузоридани намози фарз ба сурати зайл аст: Шахси намозгузор рӯ ба қибла истода, чунин ният кунад: «Ният кардам бигузорам чаҳор ракъат фарзи намози аср, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар» ва ҳангоми гуфтани «Аллоҳу Акбар» дастҳояшро то баробари гӯшҳояш баланд намуда, дасти росташро болои дасти чапаш гузорида ба зери ноф биниҳад ва дуои сано «Субҳонакаллоҳумма»-ро бихонад. Баъд аз хондани сано «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим», «Бисмиллоҳир-Раҳмони-Раҳим» бигӯяд ва сураи «Фотиҳа»-ро бихонад. Пас аз хондани сураи «Фотиҳа» «омин» бигӯяд ва як сураи дигар бихонад. Чун аз қироат фориғ гардид, такбир гуфта ба рукуъ биравад, дар рукуъ ҳадди ақал се бор тасбеҳ - «Субҳона Раббиял-Азим»бигӯяд. Пас аз он сарашро аз рукӯъ баланд намуда «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» «Раббано лакал-ҳамд» бигӯяд ва лаҳзае рост истода ором гирад, сипас такбир гуфта ба саҷда равад, дар саҷда се бор тасбеҳ - «Субҳона Раббиял-Аъло» бигӯяд. Баъд аз он такбир гуфта бинишинад, то он ки ором гирад, сипас боз такбир гуфта дубора ба саҷда равад ва се бор «Субҳона Раббиял-Аъло» бигӯяд. Сипас такбир гуфта ба ракъати дувум бархоста рост шавад. Дар ракъати дувум «Субҳонакаллоҳумма» ва «Аъузу биллоҳ» нахонад, балки «Бисмиллоҳир-Раҳмони-Раҳим» гуфта сураи «Фотиҳа» ва як сураи дигарро бихонад. Чун аз қироат фориғ шуд, монанди ракъати аввал рукуъ ва саҷда карда, бинишинад ва «ташаҳҳуд» -  «Аттаҳийёт» бихонад.  Пас аз хондани «ташаҳҳуд» такбир гуфта ба ракъати сеюм бархезад ва «Бисмиллоҳир-Раҳмони-Раҳим» гуфта танҳо сураи «Фотиҳа» бихонад, сипас рукуъу саҷда кунад ва боз як ракъати дигар гузорида бинишинад ва «ташаҳҳуд» бихонад. Пас аз хондани «ташаҳҳуд» ба Ҳазрати Пайғамбар (с) дуруду салавот ва дуои «Аллоҳуммағфир лӣ» бихонад. Пас аз хондани дуо ба тарафи рост, сипас ба тарафи чап гардонида «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ» бигӯяд. Намози  таҳаҷҷуд  намози шаб аст ва миқдори он аз ду  ракъат то дувоздаҳ ракъат мебошад. Вақти намози таҳаҷҷуд аз нисфи шаб то ҳангоми субҳи содиқ аст. Намози таҳаҷҷуд ба сурати дуракъатӣ ё чаҳорракъатӣ гузоридан дуруст аст. Беҳтарин вақт барои намози таҳаҷҷуд нимаи охири шаб аст. Тариқаи суннат он аст, ки пас аз намози хуфтан бихобад ва дар охири шаб бархоста, намози шабро ба  о оварад.

2017-06-08
8975
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54