مسألة № 01255
Оё барои каффорати чанд моҳи Рамазон як каффорат додан кофӣ аст?
مسألة:
Ассалому алайкум. Оё барои каффорати чанд моҳи Рамазон як каффорат додан кофӣ аст?
Саволдиҳанда: Кароматулло
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар бар рӯзадор каффорате воҷиб шавад ва ҳанӯз он каффоратро напардохта, ки каффорати дигаре бар вай воҷиб гардад, барои ҳар ду додани як каффорат кифоя мебошад, агарчи дар ду ё се Рамазон иттифоқ афтода бошанд. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 37)