مسألة № 01281

Донишманде гуфт: “Аллоҳу нурус-самовоти вал-арз”, ин кадом ояти Қуръон аст?

مسألة:

Донишманде гуфт: “Аллоҳу нурус-самовоти вал-арз”, ин кадом ояти Қуръон аст? Мехостам дар бораи ин оят муфассалтар маълумот пайдо кунам.

Саволдиҳанда: Собир

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, ояти мазкур ояти 35-уми сураи “Нур” аст. Тарҷума ва баёни ин оят чунин аст:«Худо нури осмонҳову замин аст. Достони нури Вай (дар дили мусулмонон) монанди тоқе аст, ки дар он чароғ (фатилаи равшан) ҳаст, он чароғ дар шиша (қандил) аст; он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, аз равғани дарахти бобаракат – дарахти зайтуне афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ асту на ғарбӣ. Наздик аст, ки равғани вай – агарчи оташе ба он нарасида бошад – равшанӣ бидиҳад, равшанӣ бар равшанӣ аст. Худо ба нури Худ ҳар киро хоҳад, роҳ менамояд. Ва Худо ин достонҳоро барои мардумон баён мефармояд; ва Худо ба ҳар чиз Доно аст». Ин оят масале барои анвори Қуръон дар қалби мӯъмин аст, яъне чунонки чароғ партав ва дурахшиши дучанд дорад, Қуръон низ сарчашмаи дарахшиши ҳидоятҳост. Дар ин ҷо чароғ Қуръон аст, шиша қалби мӯъмин, чароғдон фаҳму забони ӯ ва дарахти бобаракат ҳам дарахти ваҳй ва шариат аст, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ. Нури мӯъмин аз ду манбаъ аст: нури фитрат ва нури шариат. Ҳаргоҳ нури фитрат ва нури шариат дар инсоне ҷамъ шавад, ӯ дар камоли инсоният хоҳад буд. Ибни Аббос (р) дар маънии ин оят мегӯяд: «Чунонки равғани софу зулол қабл аз расидани оташ медурахшад ва чун оташ ба он мерасад, дурахшиши он меафзояд, ҳамчунин қалби мӯъмин қабл аз расидани илм ба нури ҳидоят амал мекунад, вале чун илм ба он расид, ҳидояти он меафзояд ва бар он нуре бар нуре афзуда мешавад». (Тафсири «Анворул-Қуръон»)

2017-06-17
3415
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

12.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:31
المغرب17:28
العشاء18:58