مسألة № 01284
Мо баъзе сураҳоро аз китоби “Фарзи айни тоҷикӣ” азёд мекунем, аммо навишти он бо қироати арабӣ тафовут дорад. Масалан дар ин китоб “Оятул-Курсӣ” чунин навишта шудааст: “Аллоҳу ло илоҳа илло ҳувал-Ҳайюл-Қайюм”, аммо...
مسألة:
Ассалому алайкум. Мо баъзе сураҳоро аз китоби “Фарзи айни тоҷикӣ” азёд мекунем, аммо навишти он бо қироати арабӣ тафовут дорад. Масалан дар ин китоб “Оятул-Курсӣ” чунин навишта шудааст: “Аллоҳу ло илоҳа илло ҳувал-Ҳайюл-Қайюм”, аммо вақте ба қироати он бо савти Мишорӣ Рошид гӯш медиҳам, чунин мехонад: “Аллоҳу ла илаҳа илла ҳувал-Ҳайюл-Қайюм”. Кадоми инҳо дуруст аст, бо ҳарфи “о” бихонем ё ҳарфи “а”?
Саволдиҳанда: Ҳаким
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, беҳтар аст, ки шумо сураҳои ҳифзкардаатон ва дигар оятҳои Қуръонро дар назди шахсе, ки аз илми таҷвид бохабар аст ва қироати неку дорад, гузаронед ва барои ёд гирифтани талаффузи дурусти ҳарфҳо ва калимаҳои арабӣ машқу тамрин кунед. Чунки ҳарфҳои забони арабӣ талаффузи хосси худро доранд, ки ҳатто бо истифодаи овонавишт (транскрипсия) ҳам наметавон онро дуруст адо намуд. Омӯзиши он танҳо бо тариқи шифоҳӣ аз забони мутахассиси таҷвид муяссар мешавад.