مسألة № 01285
Оё одами танҳо метавонад намози таровеҳро дар хонааш гузорад? Чунки мо дар Русия ҳастем ва масҷид аз макони мо дур аст. Тарзи хондани таровеҳро ба танҳоӣ фаҳмонед.
مسألة:
Ассалому алайкум. Оё одами танҳо метавонад намози таровеҳро дар хонааш гузорад? Чунки мо дар Русия ҳастем ва масҷид аз макони мо дур аст. Тарзи хондани таровеҳро ба танҳоӣ фаҳмонед.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҷамоат дар намози таровеҳ суннати муаккадаи кифоя аст, аз ин рӯ, шумо метавонед онро дар хона гузоред. Тарзи гузоридани намози таровеҳ ба танҳоӣ ба монанди ҷамоати он аст, яъне ду ракъатӣ хонда шуда, пас аз ҳар чор ракъат нишаста тасбеҳ мехонед. Пас аз интиҳои бист ракъати таровеҳ се ракъат намози витр гузорида мешавад.