مسألة № 01297
Хоҳишмандам дар бораи саҷдаи тиловат, тарзи гузоштани он ва дуояш каме маълумот медодед.
مسألة:
Ассалому алайкум. Хоҳишмандам дар бораи саҷдаи тиловат, тарзи гузоштани он ва дуояш каме маълумот медодед.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз,саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, саҷда бар вай лозим мешавад. Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рӯ овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегӯяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир” (яъне саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ӯ имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи Туст”.