مسألة № 01313

Ман ду сол пеш ба як шиноси худ 8000 доллар қарз додам ва ӯ ин пулро барнамегардонад. Умеди пас гирифтани ин пул умуман вуҷуд надорад. Оё ман аз ин маблағ бояд закот диҳам ва метавонам закотро барои худи ҳамон нафар аз ин қарз кам намоям?

مسألة:

Ассалому алайкум! Лутфан ба саволи ман дар масоили закот ҷавоби дуруст ва муфассал медодед. Ман ду сол пеш ба як шиноси худ 8000 доллар қарз додам ва ӯ ин пулро барнамегардонад. Умеди пас гирифтани ин пул умуман вуҷуд надорад. Оё ман аз ин маблағ бояд закот диҳам ва метавонам закотро барои худи ҳамон нафар аз ин қарз кам намоям? Саволи дигар ин ки ман 30000 доллар дар бонк дорам, ки аз як сол зиёд шудааст. Ду моҳ пеш як хонаро бо нархи 180000 сомонӣ фурӯхтам. Оё аз ин пуле, ки ду моҳ пеш аз ҳисоби фурӯши хона ба даст омад, бояд ҳам закот пардозам? Ташаккур!

Саволдиҳанда: Анӯшервон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, агар шумо умеди пас гирифтани қарзатонро надошта бошед, бар шумо закот воҷиб намегардад. Лекин шумо метавонед аз ҳисоби қарзи худ миқдори закотро ба он шахси қарздор бахшед, аз ҷиҳати зарурат закоти шумо адо мешавад. 2. Дар ин маблағе, ки аз фурӯши хона ба даст омадааст, закот воҷиб аст.

2017-06-22
4720
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42