مسألة № 01347

Шахсоне, ки дар моҳи Рамазон таксӣ меронанд, масалан байни Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад мекунанд ва рӯзаашонро мехӯранд, мегӯянд, ки мо ҳар рӯз дар сафар ҳастем, оё дуруст аст? Посухи ин масъаларо мефаҳмондед.

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Шахсоне, ки дар моҳи Рамазон таксӣ меронанд, масалан байни Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад мекунанд ва рӯзаашонро мехӯранд, мегӯянд, ки мо ҳар рӯз дар сафар ҳастем, оё дуруст аст? Посухи ин масъаларо мефаҳмондед. Худо аз Шумо розӣ бод.

Саволдиҳанда: Меъроҷиддин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои шахси мусофир иҷозат аст, ки рӯзаро бихӯрад, вале агар рӯза доштан ба ӯ зарар накунад, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) хуб аст, ки рӯза бидорад. Ин ронандаҳо мусофир ҳастанд, бинобар ин, хӯрдани рӯза барои онҳо ҷоиз буда, қазои он бар зиммаашон лозим аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 38)

2017-07-06
3260
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39