مسألة № 01363

Ояти “ва раттилил-Қуръона тартило” хос дохили намоз аст ё берун аз онро низ дар бар мегирад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ояти “ва раттилил-Қуръона тартило” хос дохили намоз аст ё берун аз онро низ дар бар мегирад?

Саволдиҳанда: Ғайбуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, бо тартил хондани Қуръон хоҳ дар намоз ва хоҳ берун аз он амри зарурӣ аст, зеро дар ояти мазкур Худованд ба он амр намуда ва мефармояд: “Ва Қуръонро ба тартил ва шевоӣ бихон”. (“Муззаммил”, 4) Яъне онро бо андеша ва тафаккур бихон. Тартил он аст, ки тамоми ҳарфҳо дуруст талаффуз шуда, ҳаққи ҳар яке адо карда шавад. Расули Худо (с) чун сураеро аз Қуръон мехонданд, онро чунон ба тартил мехонданд, ки аз он чи буд, тӯлонитар менамуд. Мавриди зикр аст, ки дар воҷиб будани тартили Қуръон хилофе нест, балки хилоф дар хушовозӣ кардан дар он аст. Агар хушовозӣ боиси тағйири алфози Қуръон ва эҷоди халал дар калимоти он гардад ва ба оҳанги мусиқӣ шабоҳат пайдо кунад, чунин хушовозӣ дар хондани Қуръон мамнуъ ва ҳаром аст. Аммо он хушовозие, ки боиси панду андарз гирифтан ва мутаассир шудан аз маънои Қуръон шавад, дар ин сурат он пазируфтанӣ ва қобили қабул аст, чунки Расули Худо (с) фармудаанд:“Қуръонро ба садоҳои худ музайян гардонед”.   

2017-07-10
3625
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39