مسألة № 01367

Мехостам дар бораи намози тасбеҳ ва тарзи гузоридани он маълумоти муфассал медодед. Онро кай ва чигуна бояд анҷом дод. Барои занҳо низ гузоштани ин намоз ҷоиз аст?

مسألة:

Рӯзатон ба хайр. Мехостам дар бораи намози тасбеҳ ва тарзи гузоридани он маълумоти муфассал медодед. Онро кай ва чигуна бояд анҷом дод. Барои занҳо низ гузоштани ин намоз ҷоиз аст? Саломат бошед.  

Саволдиҳанда: Султон

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, намози тасбеҳ чаҳор ракъат буда, дар он 300 бор ин тасбеҳ хонда мешавад:

«Субҳоналлоҳи вал-ҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар вало ҳавла вало қуввата илло биллоҳил-ъалиййил-ъазим».

Тасбеҳи мазкур дар дохили намоз чунин хонда мешавад:

15 бор баъд аз сано (пеш аз «Фотиҳа»).

10 бор баъд аз замми сура.

10 бор дар рукуъ.

10 бор вақти рост шудан аз рукуъ (дар қавма).

10 бор дар саҷдаи аввал.

10 бор дар байни ду саҷда (дар ҷалса).

10 бор дар саҷдаи дувум.

Ин тасбеҳот дар ракъати аввал 75 бор ва дар ракъати дувум низ 75 бор бо ҳамин тартиб хонда мешавад. Ракъатҳои севум ва чаҳорум низ чунин аст. Фазилат ва савоби ин намоз бағоят бузург аст. Барои занҳо низ гузоридани ин намоз ҷоиз аст. Гузоридани намози тасбеҳ дар ҳама вақт, ба ҷуз вақтҳои макрӯҳ ва мамнуъ дуруст аст. Расули Худо (с) ба амаки худ Аббос (р) фармуданд: “Агар битавонӣ, ҳар рӯз бихон ва агар вақт надоштӣ, ҳафтае як бор, агар ин ҳам муяссар нашуд, моҳе як бор ва агар дар моҳ муяссар нашуд, дар умр як бор бихон, Худованди Мутаъол тамоми гуноҳонатро мебахшад”. (Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ; «Раддул-муҳтор», 2, с. 28-29).

2017-07-11
4181
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

06.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:24
المغرب17:22
العشاء18:52