مسألة № 01383
1. Оё бо усули ҷарроҳӣ тоза кардани мӯйҳои бадан дуруст аст? 2. Ман дар кишвари Чин бо навъи варзиши “бой без правила” дар мусобиқаҳо иштирок мекунам. Оё аз назари дини Ислом ин навъи варзиш дуруст аст?
مسألة:
Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Оё бо усули ҷарроҳӣ тоза кардани мӯйҳои бадан дуруст аст? 2. Ман дар кишвари Чин бо навъи варзиши “бой без правила” дар мусобиқаҳо иштирок мекунам. Оё аз назари дини Ислом ин навъи варзиш дуруст аст?
Саволдиҳанда: Бародар
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тоза кардани мӯйҳои зиёдатии бадан бо истифода аз усули нави тиббӣ ҷоиз аст, агар ба саломатии шахс зиён надошта бошад. 2. Ҳар навъи варзише, ки дар он фармудаҳои шариат риоя мешавад, ҷоиз аст.Аммо он навъ варзишҳое, ки ба саломатӣ ва рӯҳу равони инсон зарар дорад, шариат онро ҳаром қарор додааст. Мусулмон бояд ба варзише машғул шавад, ки ба ҷисму ҷон ва рӯҳу равонаш манфиат дошта бошад.