مسألة № 01467

Дар баъзе хонаҳои баландошёна ҳоҷатхонаҳо ба тарафи қибла сохта шудаанд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? 2. Бори аввали шиносоӣ бо духтаре барои бунёд кардани оила пинҳонӣ суҳбат кардан гуноҳ аст?

مسألة:

Ассалому алайкум бобои домулло. Ду суол дорам: 1. Дар баъзе хонаҳои баландошёна ҳоҷатхонаҳо ба тарафи қибла сохта шудаанд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? 2. Бори аввали шиносоӣ бо духтаре барои бунёд кардани оила пинҳонӣ суҳбат кардан гуноҳ аст?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи шариати Ислом дар вақти қазои ҳоҷат бояд дасти чап ба тарафи қибла бошад, чӣ дохили иморат аст ва чӣ саҳро. Агар дар дохили бино чунин имконият мавҷуд набошад, истиғфор намояд. 2. Агар ҳадафи издивоҷ бо он духтар дошта бошад, барои огоҳ шудан аз хислатҳои зоҳирӣ ва маънавии ӯ метавонад ӯро бубинад ва бо ӯ сухан гӯяд. Расули Худо (с) мефармоянд: «Вақте Худо дар дили касе аз шумо хостгории занеро андохт, боке надорад, ки ӯро бубинад ва ба вай нигоҳ кунад». (Ривояти Ибни Моҷа) Ногуфта намонад, ки нигоҳ кардани фарди хостгор ба зани мавриди назараш амри мустаҳаб ва шаръан писандида аст ва бояд бо маҳрамаш ҳузур дошта бошад. Лекин ин тадбир ба хотири баровардани майлҳои шаҳвонӣ ва ба таври мудовим набояд анҷом гирад, зеро дар ин сурат гуноҳ маҳсуб мешавад ва шаръан ҷоиз намебошад.

2017-10-13
3355
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39