مسألة № 01515

Маънои дуои “Ло илоҳа илло анта субҳонака иннӣ кунту миназ-золимин” чист? Ин дуо кадом вақт хонда мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Маънои дуои “Ло илоҳа илло анта субҳонака иннӣ кунту миназ-золимин” чист? Ин дуо кадом вақт хонда мешавад? Ташаккури зиёд!

Саволдиҳанда: Карим

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дуои мазкур ҷузъе аз ояти 87-уми сураи “Анбиё” ва чунин маъно дорад: “Ғайри Ту ҳеҷ маъбуде (барҳақ) нест; Покӣ Турост, ба дурустӣ ки ман аз ситамкорон будам”. Дар ин оят дар бораи ҳазрати Юнус (а) сухан меравад, ки дар шиками моҳӣ дармонд ва пас аз хондани ин дуо наҷот ёфт. Тарҷумаи комили оят чунин аст: “Ва Зуннунро (ёд кун), чун хашмнок рафт (яъне бар қавми худ, бе изни илоҳӣ); гумон кард, ки бар вай танг нагирем (алқисса, моҳӣ ӯро ба ҳалқ фурӯ бурд). Пас, дар торикиҳо бо он нидо кард, ки ғайри Ту ҳеҷ маъбуде (барҳақ) нест; Покӣ Турост, ба дурустӣ ки ман аз ситамкорон будам”. Дар ҳама вақт хондани дуои мазкур хуб аст ва сабаби иҷобати дуои банда мегардад. 

2017-11-16
5035
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.04.2024

أكثر
الفجر03:49
الظهر12:40
العصر17:27
المغرب19:26
العشاء20:57