مسألة № 00152

Дар бораи имон ва ислом маълумоти муфассал диҳед.

مسألة:

Дар бораи имон ва ислом маълумоти муфассал диҳед. Бо арзи эҳтиром, Убайдуллоҳ аз ноҳияи Ҷиргатол.

إجابة:

         Имон дар луғат ба маънои тасдиқ кардан аст ва дар истилоҳ тасдиқи Паёмбари Худо (с) аст дар ҳар чизе, ки аз назди Худованд иҷмолан ва тафсилан овардааст. Имоми Аъзам (рҳ) дар китоби худ «Васиятнома» гуфтааст, ки имон тасдиқи ба дил ва иқрори ба забон аст. Иқрор ба танҳоӣ имон ҳисоб намешавад, агар имон мешуд, ҳароина мунофиқон муъмин ҳисоб мешуданд, ҳол он ки Худованд дар ҳаққи онҳо дар ояти 1-уми сураи «Мунофиқун» мефармояд: «Худованд шаҳодат медиҳад, ки албатта мунофиқон дар шаҳодаташон дурӯғгӯянд». Маърифат низ ба танҳоӣ имон ҳисоб намешавад, агар имон мешуд, ҳароина аҳли китоб муъмин мешуданд, ҳоло он ки Худованд дар ҳаққи аҳли китоб дар ояти 146-уми сураи «Бақара» мефармояд: «Касонеро, ки китоб додем, Паёмбарро мешиносанд, ҳамчунон ки фарзандонашонро мешиносанд».

       Имон ҳафт рукн дорад:

 1.Имон ба Аллоҳ

 2.Имон ба фариштагон

 3.Имон ба китобҳо

 4.Имон ба паёмбарон

 5.Имон ба рӯзи охират

 6.Имон ба тақдир (неку бадаш)

 7.Имон ба зинда гардонидан баъд аз миронидан.

Имон зиёд ва кам намешавад. Имони аҳли осмон ва замин зиёд ва кам намешавад, зеро зиёд шудани имон ба кам шудани куфр аст ва кам шудани имон ба зиёд шудани куфр аст, чӣ гуна тасаввур мешавад, ки як шахс дар як ҳолат ҳам муъмин бошаду ҳам кофир, муъмин дар ҳақиқат муъмин аст, кофир дар ҳақиқат кофир аст. Худованд дар ҳаққи муъминон дар ояти 4-уми сураи «Анфол» мефармояд: «Онҳо дар ҳақиқат муъминанд» ва дар ҳаққи кофирон дар ояти 15-уми сураи «Нисо» мефармояд: «Онҳо дар ҳақиқат кофиранд». Аммо дар мавриди оёт ва аҳодисе, ки зоҳирашон далолат ба зиёдшавии имон мекунанд, аллома Саъдуддини Тафтозонӣ дар китоби «Шарҳи ақоиди Насафӣ» чунин баён мекунад, ки зиёдшавии имон фақат дар асри асҳоби Расули Худо (с) тасаввур карда мешавад, зеро дин якбора комил нашудааст, балки дар муддати 23 сол комил шуд, баъди замони Расули Худо (с) ҳеҷ ҳукми дигаре наомадааст, аз ин рӯ, зиёдшавии имон низ тасаввур карда намешавад.

Хулоса имон - иқрор ва тасдиқ аст, яъне асли имон иқрор ва тасдиқ аст, амал сифати имон аст, агар аз касе иқрор ва тасдиқ ёфта шавад, вале амал ёфта нашавад, ӯ муъмин аст, вале заифулимон, яъне муъмини фосиқ аст. Аммо агар иқрору тасдиқ ва амал ёфта шавад, имони он кас қавӣ аст, яъне муъмини қавиюлимон аст.

Ислом дар луғат таслим шудан ва фурутанӣ аст, дар истилоҳ, қабули ҳамаи аҳкомест, ки тавассути Расули Худо (с) аз ҷониби Худованд фуруд омадааст.

Ислом панҷ рукн дорад, чунонки дар ривояти Бухорӣ аз Умар ибни Хаттоб (р) омадааст:

 1.Калимаи шаҳодат;

 2.Барпо доштани намоз;

 3.Закоти мол додан;

 4.Рӯзаи моҳи Рамазон;

 5.Ҳаҷҷи хона Худо кардан бар ҳар касе, ки қудрат ва тавоноӣ дошта бошад.

Имоми Аъзам дар китоби «Фиқҳи акбар» гуфтааст, ки имон тасдиқ кардан ва ислом таслим шудан аст, яъне аз ҷиҳати луғат байни имон ва ислом фарқ аст, лекин дар шариъат имон бе ислом ва ислом бе имон намешавад ва ин ҳар ду ба мисли пушт бо шикам аст.

Итлоқи имон ва ислом дар Қуръон ва аҳодиси Расули Худо (с) собит аст, чунончи омадааст: «Мо тамоми муъминонеро, ки дар шаҳрҳои қавми Лут (а) зиндагӣ мекарданд (пеш аз омадани бало аз шаҳрҳо ) берун бурдем, дар он манотиқ ҷуз як хонадони мусалмон наёфтем». Дар ҳамин оят дар як ҷо муъмин гуфтааст, дар ҷои дигар мусалмон гуфтааст, яъне ин оят далолат мекунад, ки имон ва ислом дар шариъат як аст. Ҳамчунин Расули Худо (с) фармудааст: «Имон ҳафтоду чанд шоха дорад, баландтаринаш калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва пастаринаш дур кардани озору азият аз роҳ аст».

2015-07-05
9198
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43