مسألة № 01582

Тӯли тахминан шаш сол аст, ки ман ба дарди дил гирифторам, намедонам аз тарс бошад ё аз ғамгинӣ, ки гоҳ-гоҳе меларзад. Чанд сол пеш ба табиб муроҷиат намуда будам, дору навишт ва истифода бурдам, вале сиҳҳат наёфтам.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Тӯли тахминан шаш сол аст, ки ман ба дарди дил гирифторам, намедонам аз тарс бошад ё аз ғамгинӣ, ки гоҳ-гоҳе меларзад. Чанд сол пеш ба табиб муроҷиат намуда будам, дору навишт ва истифода бурдам, вале сиҳҳат наёфтам. Ҳоло фикр кардам ба Шумо муроҷиат намоям, то ки тавсияе диҳед. Шояд аз оятҳои Қуръон тавсия медиҳед.

Саволдиҳанда: Бародар 

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо ҳар шаб қабл аз хоб ва ҳар субҳ қабл аз бомдод сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро се бор хонда, ба дастонатон бидамед ва ҳар ду каффи дастро аз болои либосатон ба тамоми бадани худ бимолед ё худро дар назди як нафари мутахассис дуохонӣ кунед, иншоаллоҳ умед аст, ки шифо меёбед. Агар имконият дошта бошед, аз оби Замзам истифода намоед, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Оби Замзам ба ҳар нияте нӯшида шавад, муассир ва муфид аст”.  Худованд ба шумо шифои комил ва сиҳҳати оҷил ато фармояд.

2017-12-27
4116
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42