مسألة № 01591

1. Маънои “Ассалому алайкум” ва ҷавоби онро мефаҳмондед. 2. Шахсе атса мезанад ва “Алҳамду лиллоҳ” мегӯяд, шахси дуюм чӣ мегӯяд ва он сухан чӣ маъно дорад?

مسألة:

Дуруд ба Шумо. 1. Маънои “Ассалому алайкум” ва ҷавоби онро мефаҳмондед. 2. Шахсе атса мезанад ва “Алҳамду лиллоҳ” мегӯяд, шахси дуюм чӣ мегӯяд ва он сухан чӣ маъно дорад?

Саволдиҳанда: Фарҳод

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, “Ассалому алайкум” таҳият буда, маънои он “Салому офият бар шумо бод” мебошад. Салом яке аз номҳо Худованд аст ва ин ҷо ба маънои офият, эминӣ, тандурустӣ ва сулҳ меояд. Салом додан суннат ва посухи он фарзи кифоя аст. Дар ҷавоби салом “Ва алайкумус-салом” бояд гуфта шавад, ки маънои он “Бар шумо низ салому офият бод” аст. 2. Барои шахси атсазананда суннат аст, ки “Алҳамду лиллоҳ” бигӯяд ва маънои он “Сипосу ситоиш шоистаи Худост” мешавад. Дар посухи атса “Ярҳамукаллоҳ” гуфтан фарзи кифоя аст ва маънои он “Худованд ба ту раҳмат кунад” аст. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ҳар гоҳ яке аз шумо атса зад, бояд бигӯяд: Алҳамду лиллоҳ. Шунаванда бигӯяд: Ярҳамукаллоҳ. Вақте шунаванда дар посухи ӯ чунин гуфт, боз ӯ бигӯяд: Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳу болакум - Худованд шуморо ислоҳ кунад ва саранҷоматонро некӯ гардонад. (Ривояти Бухорӣ) 

2017-12-29
3808
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39