مسألة № 01596

1. Лутфан дар бораи Зулқарнайн маълумот диҳед. 2. Оё баъд аз гуфтани номи ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (р) “каррамаллоҳу ваҷҳаҳу” гуфтан ҷоиз аст?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Лутфан дар бораи Зулқарнайн маълумот диҳед. 2. Оё баъд аз гуфтани номи ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (р) “каррамаллоҳу ваҷҳаҳу” гуфтан ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Саидҷон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тибқи ривоятҳо Зулқарнайн номи подшоҳи одиле аст, ки бо Хизр (а) ҳамсуҳбат будааст. Сабаби номида шудани ӯ бо ин ном ин аст, ки ӯ шарқу ғарби заминро паймудааст ё ин ки дар тоҷаш ду шох доштааст. Дар пайғамбар будани ӯ уламо ихтилофи назар доранд. Аксари уламо ӯро шоҳи одил медонанд. 2. Пас аз зикри номи ҳазрати Алӣ дуои “каррамаллоҳу ваҷҳаҳу” ва “разияллоҳу анҳу” гуфтан шиори аҳли суннат ва амали хубу савоб аст.

2018-01-12
3478
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

13.02.2026

أكثر
الفجر05:47
الظهر12:40
العصر16:04
المغرب18:07
العشاء19:37