مسألة № 01613

Оё дар ин олам ба ғайр аз кураи замине, ки мо зиндагӣ мекунем, боз инсоният вуҷуд дорад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Номи Билолхуҷа чӣ маъно дорад? 2. Оё дар ин олам ба ғайр аз кураи замине, ки мо зиндагӣ мекунем, боз инсоният вуҷуд дорад? 3. Аз нигоҳи динӣ оё Офтоб ҳаракат мекунад ва шакли Замин чӣ гуна аст?  4. Агар шахс дар ягон ҷое бошад, ки тарафи қибла муайян набошад, қибларо чӣ тавр муайян мекунад ва чигуна намоз мегузорад?

Саволдиҳанда: Билохуҷа

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, шакли дурусти номи шумо Билолхоҷа аст. Ин ном аз ду ҷузъи “Билол” ва “хоҷа” таркиб ёфта, ҷузъи аввал ба маъноҳои об, тарӣ, намӣ ва пирўз, ҷузъи дуюм бошад ба маъноҳои сарвар, соҳиб, бузург ва давлатманд меояд. 2. Дар ин мавзўъ бо санади муътамад ривояте наомадааст ва дар ҳеҷ сарчашмаи илми ҳайъат ҳам дар бораи вуҷуди инсоният дар ягон сайёрае маълумоте нест. Бинобар ин, ҳақиқати онро танҳо Худованд медонад. 3. Аз дидгоҳи динӣ Офтоб дар масири худ ҳаракат мекунад, чунонки ояти зайл ба ин маъно далолат дорад: “Ва офтоб ба роҳе меравад, ки қароргоҳи вай аст”. (“Ёсин”, 38). Замин бошад курашакл аст, агарчи дар назар густурда ва ҳамвор менамояд. 4. Дар ин ҳолат аз ягон шахс самти қибларо мепурсад ё ба воситаи муайян кардани самти шимолу ҷануб ва ё ситораи қутб самти қибларо дарёфта, намоз мегузорад. Дар замони кунунӣ бо пешрафти технология дарёфтани самти қибла ҳеҷ мушкиле надорад, зеро дар телефонҳои мобилӣ барномаҳои таъйини самти қибла ва фаро расидани вақти намозҳо вуҷуд дорад, шумо метавонед аз он истифода баред. Агар ин имконият мавҷуд набошад, пас аз ҷустуҷўи самти қибла ҳар тарафе, ки фикраш ба сўи он майл дорад, рў оварда намозро мегузорад.     

2018-01-19
3630
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

06.05.2024

أكثر
الفجر03:41
الظهر12:40
العصر17:28
المغرب19:33
العشاء21:03