مسألة № 01619

Шавҳарам ба дигар зан ошиқ шуда буд ва маро се талоқ кард, пас аз як моҳ омада гуфт, ки дар ҳолати мастӣ ин суханро гуфта будам. Баъд зиндагиро бе никоҳ идома додем, аммо виҷдонам маро азоб медод...

مسألة:

Ассалому алайкум. Шавҳарам ба дигар зан ошиқ шуда буд ва маро се талоқ кард, пас аз як моҳ омада гуфт, ки дар ҳолати мастӣ ин суханро гуфта будам. Баъд зиндагиро бе никоҳ идома додем, аммо виҷдонам маро азоб медод. Падараш ин ҳолатро фаҳмид ва моро никоҳ карданд. Як моҳ зиндагӣ кардем, ҳар гуна хоб медидам ва рӯҳан азоб мекашидам. Ба бемории асаб гирифтор шудам ва алҳол дар хонаи волидонам табобат дорам. Шавҳарам чанд бор омад ва мехоҳад боз якҷоя зиндагӣ кунем. Аммо ман дигар бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳам. Агар мард занашро дар ҳолати мастӣ ё ҳушёрӣ ду бор се талоқӣ кунад, оё ягон ривоят дорад? Як писар дорам ва ӯ ҳам бемор шудааст. Аз зиндагӣ монда шудаам, илтимос, барои ман дуои хайр кунед.

Саволдиҳанда: Мадина

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, масъалаи талоқ асрор ва паҳлуҳои зиёд дорад ва барои посух додан ба он бояд худи шавҳар пурсида шавад, зеро талоқ моли мард аст. Агар шумо имконият дошта бошед, ҳамроҳ бо шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, пас аз шунидани асли масъала аз забони шавҳаратон ҷавоби масъала равшан мегардад. Шумо ноумед нашавед, сабр пеша кунед ва холисона ба даргоҳи Худованд дуо кунед, иншоаллоҳ мушкилатон бартараф мегардад. Худованд ба шумо ва фарзандатон шифои комил ато фармояд ва зиндагии осуда насибатон гардонад.  

2018-01-26
3969
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37