مسألة № 01661

Шахсе дӯстдошта дорад, бо ӯ тамоман сухан намегӯяд, вохӯрӣ ҳам намекунад, агар ягон ҷо бинад, фақат салом медиҳад. Ӯ Худотарс аст. Чӣ кор кунад, ки Худованд онҳоро ба ҳам якҷоя намояд? Онҳо якдигарро дӯст медоранд.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Ман орзу дорам шавҳаре кунам, ки аз Ислом бохабар, намозхон, Қуръонхон ва боодоб бошад. Бояд чӣ дуо кунам, ки ба ин орзуям бирасам? 2. Шахсе дӯстдошта дорад, бо ӯ тамоман сухан намегӯяд, вохӯрӣ ҳам намекунад, агар ягон ҷо бинад, фақат салом медиҳад. Ӯ Худотарс аст. Чӣ кор кунад, ки Худованд онҳоро ба ҳам якҷоя намояд? Онҳо якдигарро дӯст медоранд.

Саволдиҳанда:Амина

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, шумо барои расидан ба ин орзуятон сидқан дуо кунед, иншоаллоҳ ба мақсади худ мерасед. 2. Он ҳар ду ҷавон бояд тақвои Худоро пеша кунанд ва барои расидан ба орзуяшон ба даргоҳи Худованд холисона дуо кунанд, иншоаллоҳ комёб хоҳанд шуд. Албатта духтар ва писар метавонанд хостгор равон кунанд. 

2018-03-02
4116
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37