مسألة № 00175
Дар бораи дуруст хондани намози витри воҷиб маълумоте медодед.
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар бораи дуруст хондани намози витри воҷиб маълумоте медодед.
Саволдиҳанда:Шерзод
إجابة:
Ҳукми намози витр дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) воҷиб аст. Воҷиб он чизест, ки бо далели заннӣ собит шуда, эҳтимоли маъноҳои зиёдеро дорад. Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ воҷиб фарзи амалӣ аст, на эътиқодӣ, яъне дар амал кардан бо фарз баробар аст. Ин ҳукм фақат ба мазҳаби ҳанафӣ хос аст, аммо дар мазҳабҳои дигари аҳли суннат истилоҳи фарзу воҷиб як аст. Намози витр монанди намози шом се ракъат бо як салом буда, пас аз адои намози хуфтан ба ҷо оварда мешавад. Дар ҳар ракъат баъд аз «Фотиҳа» сурае зам карда мешавад. Намози витр чунин хонда мешавад:
Баъд аз ният кардан «Аллоҳу Акбар» гуфта, монанди дигар намозҳо ду ракъат мегузорад ва нишаста «Аттаҳийёт» мехонад. Сипас «Аллоҳу Акбар» гуфта, ба ракъати севум баланд мешавад, пас аз хондани «Фотиҳа» ва замми сура «Аллоҳу Акбар» гуфта, дастҳоро то баробари гӯшҳо баланд мекунад. Сипас дастҳоро баста, дуои қунут мехонад:
«Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъмину бика ва натаваккалу алайка ва нуснӣ алайкал-хайр, нашкурука ва ло накфурука ва нахлаъу ва натруку май-яфҷурук. Аллоҳумма ийёка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъо ва наҳфиду ва нарҷу раҳматака ва нахшо азобака инна азобака бил-куффори мулҳиқ».
Тарҷума: «Худовандо! Мо аз Ту кӯмак ва омурзиш металабем ва ба Ту имон меорем, бар Ту таваккул ва эътимод мекунем ва Туро бо хубӣ ситоиш мекунем, аз Ту сипосгузорӣ намуда, носипосият намекунем, касонеро, ки Туро нофармонӣ мекунанд, раҳо ва тарк мекунем. Худовандо! Фақат Туро мепарастем ва барои Ту намоз мегузорем ва саҷда мекунем ва ба сӯи Ту мешитобем, умедвори раҳмати Туем ва аз азобат метарсем, ҳамоно азоби Ту домангири кофирон аст».
Баъд аз хондани дуо рукуъ ва саҷда карда, «Аттаҳийёт», «Салавот» ва дуоро мехонад ва салом медиҳад.
Аммо афроде, ки дуои қунутро намедонанд, то ҳифз намудани он метавонанд ояти “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор”-ро як бор бихонанд ва ё ҷумлаи “Аллоҳуммағфир лӣ”-ро се бор такрор кунанд.