مسألة № 01774

Оё дар мазорҳо қироат кардани оятҳои Қуръони карим ҷоиз аст? Шахсе гуфт, ки мумкин нест. Агар имконият бошад, аз ҳадиси саҳеҳ мефаҳмондед.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё дар мазорҳо қироат кардани оятҳои Қуръони карим ҷоиз аст? Шахсе гуфт, ки мумкин нест. Агар имконият бошад, аз ҳадиси саҳеҳ мефаҳмондед.

Саволдиҳанда: Наврӯз

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тиловат кардан дар сари қабр ё мазор ҷоиз аст ва дар ин бора уламои мазҳаб ҳеҷ ихтилофе надоранд. Дар ин бора ҳадисҳои зиёде ворид шудааст, аз он ҷумла ба ривояти Абдуллоҳ ибни Умар (р). Инчунин аз Абдурраҳмон ибни Ало ривоят аст, ки бобояш Лаҷлоҷ (р) пеш аз маргаш чунин васият кард: “Пас аз дафни ман назди сарам оятҳои аввал ва охири сураи “Бақара”-ро бихон, зеро ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки чунин мегуфт”. (Ривояти Табаронӣ). Фаромӯш набояд кард, ки ҳадисҳои Пайғомбар (с) танҳо дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ маҳдуд намешаванд, балки китобҳои ҳадиси саҳеҳ зиёданд.

2018-05-24
3351
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.05.2025

أكثر
الفجر03:27
الظهر12:40
العصر17:53
المغرب19:50
العشاء21:20