مسألة № 01777

Агар шавҳар ба зан гӯяд, ки “рав зиндагиатро пеш бар, шавҳар кун, ман ба ту иҷозат медиҳам”, оё дар ин ҳолат талоқ воқеъ мегардад ва чанд талоқ ҳисоб мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Агар шавҳар ба зан гӯяд, ки “рав зиндагиатро пеш бар, шавҳар кун, ман ба ту иҷозат медиҳам”, оё дар ин ҳолат талоқ воқеъ мегардад ва чанд талоқ ҳисоб мешавад?

Саволдиҳанда: Мунис

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ин сухан дар ҳолати гуфтугӯи талоқ гуфта шавад ва ё мақсуди шавҳар аз ин сухан талоқ бошад, пас як талоқи боин воқеъ мешавад ва таҷдиди никоҳ лозим мегардад. Аз сабаби он ки масъалаи талоқ паҳлуҳои печида ва тафсилталаб дорад, беҳтар аст, ки дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.  

2018-05-25
4028
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.06.2025

أكثر
الفجر03:17
الظهر12:40
العصر18:00
المغرب20:01
العشاء21:31