مسألة № 01794
Намози таровеҳ чандракъатӣ гузорида мешавад ва нияти он чигуна аст?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Намози таровеҳ чандракъатӣ гузорида мешавад ва нияти он чигуна аст?
Саволдиҳанда: Исроил
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози таровеҳ барои мардону занон суннати муаккада аст ва дар шабҳои Рамазон пас аз адои намози хуфтан ба ҷо оварда шуда, ба сурати дуракъатӣ гузорида мешавад. Нияти намози таровеҳ чунин аст: Ният кардам бигузорам ду ракъат намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар.