مسألة № 01826
Имом дар намози фарз аз қафо луқма гирад ё дар намози таровеҳ муқтадӣ аз телефонаш Қуръонро нигоҳ карда, ба имом луқма диҳад, саҷдаи саҳв воҷиб мешавад?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Имом дар намози фарз аз қафо луқма гирад ё дар намози таровеҳ муқтадӣ аз телефонаш Қуръонро нигоҳ карда, ба имом луқма диҳад, саҷдаи саҳв воҷиб мешавад?
Саволдиҳанда: Идрис
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бо кӯмак гирифтани имом аз муқтадӣ дар намоз саҷдаи саҳв воҷиб намешавад, вале аз рӯи телефон луқма додан ҷоиз нест, зеро дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) аз рӯи телефон ё Қуръон нигоҳ карда намоз гузоридан ҷоиз нест. Қавли мухтор дар мазҳаб ҳамин аст.