مسألة № 01827

Намози таровеҳ суннати Паёмбар (с) аст, ҳамин суннат дар кадом ҳадис омадааст ва аз куҷо пайдо шудааст? Чаро баъзеҳо ҳашт ракъат мехонанд? Маълумоти муфассал ва пурраашро ба мо гӯед. Худо илматонро дучанд гардонад.

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Намози таровеҳ суннати Паёмбар (с) аст, ҳамин суннат дар кадом ҳадис омадааст ва аз куҷо пайдо шудааст? Чаро баъзеҳо ҳашт ракъат мехонанд? Маълумоти муфассал ва пурраашро ба мо гӯед. Худо илматонро дучанд гардонад.

Саволдиҳанда: Бародар

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози таровеҳ суннати муаккадаи Пайғамбари Ислом (с) буда, дар чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат бист ракъат аст ва он бо иҷмоъи уммат собит шудааст. Намози таровеҳ барои мардону занон суннати муаккада аст ва пас аз адои намози хуфтан ба ҷо оварда шуда, ба сурати дуракъатӣ гузорида мешавад. Касоне, ки ҳашт ракъат мехонанд, гумон кардаанд, ки намози таровеҳ ҳамон намози таҳаҷҷуд (нимашаб) аст, ҳол он ки таровеҳ намози ҷудогона аст ва таҳаҷҷуд намози ҷудогона. Барои огоҳӣ аз тафсилоти ин мавзӯъ шумо аз бахши мақолаҳои сомона мақолаи “Намози таровеҳ аз дидгоҳи аҳли суннат ва ҷамоат”-ро мутолиа фармоед.

2018-06-08
3484
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38