مسألة № 01834
Агар марди зандор ба модар ё хоҳараш гӯяд, ки “Ман ҷавоби занамро додам”, лекин занаш нашунида бошад, оё талоқ мешавад ё на?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Агар марди зандор ба модар ё хоҳараш гӯяд, ки “Ман ҷавоби занамро додам”, лекин занаш нашунида бошад, оё талоқ мешавад ё на?
Саволдиҳанда: Умед
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои воқеъ шудани талоқ шунидани зан шарт нест, асос талаффуз кардани он аст. Бо ҷумлаи “Ман ҷавоби занамро додам” як талоқи боин воқеъ мешавад, ба шарте ки мард нияти талоқро дошта бошад. Аз сабаби он ки масъалаи талоқ печида ва тафсилталаб аст, агар имкон дошта бошед, ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, посухи муфассал хоҳед гирифт.