مسألة № 01863

Оё ба зани никоҳии худ бигўӣ, ки «агар ту бо нияти қаҳр ба хонаи падари худ равӣ, ту дигар зани ман нестӣ», баъд аз ин суханон зан бо нияти қаҳр ба хонаи падараш баромада равад, яъне ин амалро иҷро кунад, никох бурида мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Оё ба зани никоҳии худ бигўӣ, ки «агар ту бо нияти қаҳр ба хонаи падари худ равӣ, ту дигар зани ман нестӣ», баъд аз ин суханон зан бо нияти қаҳр ба хонаи падараш баромада равад, яъне ин амалро иҷро кунад, никох бурида мешавад? Илтимос зудтар ҷавоб интизорам. Ташаккури зиёд.

Саволдиҳанда: Дилшод

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати мазкур агар шавҳар ин суханонро ба нияти талоқ ё музокараи талоқ гуфта бошад, як талоқи боин воқеъ мешавад, пас аз ин бояд таҷдиди никоҳ кунанд, агар қабл аз ин моҷаро байни онҳо талоқи дигаре воқеъ нашуда бошад. Масъалаи талоқ паҳлуҳои печида ва гуногун дорад, аз ин рў, беҳтар аст, ки дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.

2018-06-14
3767
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38