مسألة № 01910
Марде, ки ҳамсараш писандидаи ў нест, агар ба ҳамин сабаб ҷудо шавад, гунаҳгор намешавад? Илтимос, бо ояту ҳадис шарҳ диҳед.
مسألة:
Ассалому алайкум. Марде, ки ҳамсараш писандидаи ў нест, агар ба ҳамин сабаб ҷудо шавад, гунаҳгор намешавад? Илтимос, бо ояту ҳадис шарҳ диҳед.
Саволдиҳанда: Абдулло
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, суоли шумо тафсилоти зиёд мехоҳад, аз ин рў, хуб мешуд, ки аз дўконҳои Маркази исломӣ дар мавзўъи масоили хонаводагӣ китобу рисолаҳоро дастрас намуда, мутолиа кунед, иншоаллоҳ посухи ҳама масоили зиндагии худро меёбед. Дар маҷмўъ зиндагӣ миёни зану шавҳар маҷбурӣ нест, балки бояд дар асоси раҳму шафқат ва ризояту муҳаббати тарафайн сурат гирад.