مسألة № 01919
Дар саҳифаи 171 и китоби «Фиқҳи Ислом бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» чунин навишта шудааст: «Агар шахси бовузў чизи нашъоваре истеъмол карда маст гардад,
مسألة:
Ассалому алайкум. Дар саҳифаи 171 и китоби «Фиқҳи Ислом бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» чунин навишта шудааст:
«Агар шахси бовузў чизи нашъоваре истеъмол карда маст гардад, ба гунае, ки дарр афтораш каҷӣ ва каловише дида шавад, вузўаш мешиканад, вале агар каҷӣ ва каловише дар ў дида нашавад, вузўаш намешиканад».Чаро чизи нашъаовар вузўро намешиканад, вале нос ва сигор таҳоратро мешиканад?
Саволдиҳанда: Сироҷиддин
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳолати мастӣ дар сурате вузўро мешиканад, ки шахси шароб ё нашъа истеъмолкарда мувозинати худро дар ҳаракат ва рафтораш аз даст диҳад. Дар ин ҳолат вузўи ў мешиканад ва ў наметавонад, ки намоз гузорад. Агар иттифоқан шахсе шароб нўшид, вале маст нашуд, балки ҳушу ақлаш барҷост ва аз вақти намоз миқдори андаке боқӣ мондааст, дар ин ҳолат ў метавонад даҳонашро шуста, намозашро ба ҷо оварад, то ки қазо нашавад. Ин ҳукми фиқҳӣ чунин маъно надорад, ки истеъмоли шароб ё маводи нашъаовар раво бошад ва шахс гоҳу ногоҳ онро истеъмол карда дар ҳамон ҳолат намоз гузорад. Оиди шикастани таҳорат аз носу сигор бошад, дар китобҳои фиқҳӣ зикре ба миён наомадааст, вале ҳадафи асосӣ аз таҳорат пок кардани зоҳир ва пок намудани қалб аз олудагиҳо ва кудуратҳо мебошад. Пас шахсе, ки носу сигор истеъмол мекунад, маълум аст, ки на танҳо зоҳиру ботинашро олуда месозад, балки ба муҳит ва атрофиёни худ зарарҳои маънавӣ мерасонад. Бинобар ин, афзалу беҳтар он аст, ки пас аз кашидани нос ва ё сигор таҷдиди вузў кунад.