مسألة № 01923
Ман гоҳ-гоҳ дар букмерски маблағ гузошта бозӣ мекардам, вале то имрўз гуноҳ будани онро намедонистам. Дар як сомона хондам, ки маблағ мондан баробари зино бо модар аст. Алҳол ман дар ҳолати ноҳинҷор қарор дорам ва тавба кардам. Илтимос, ба ман фаҳмонед, кикаффорати ин гуноҳ чист?
مسألة:
Ассалому алайкум. Ман гоҳ-гоҳ дар букмерски маблағ гузошта бозӣ мекардам, вале то имрўз гуноҳ будани онро намедонистам. Дар як сомона хондам, ки маблағ мондан баробари зино бо модар аст. Алҳол ман дар ҳолати ноҳинҷор қарор дорам ва тавба кардам. Илтимос, ба ман фаҳмонед, кикаффорати ин гуноҳ чист? Посухи Шуморо интизорем.
Саволдиҳанда: Узайр
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат ҷазои гуноҳон муайян ва мушаххас аст ва Худованд гуноҳи бандаро мебахшад, модоме ки сидқан тавба кунад ва аз он даст кашад. Шумо аз Худованд истиғфор ва омурзиш бихоҳед, агар имкон дошта бошед, хайру эҳсон кунед, намоз гузоред, иншоаллоҳ гуноҳонатон омурзида мешавад.