مسألة № 01969

Дар як масъалаи фиқҳӣ бо мушкил дучор шудаам ва боиси шубҳаи ман шудааст. Желатин (моддае, ки аз устухон ва пўсти ҳайвон тайёр карда мешавад), ки дар кишварҳои ғайри исломӣ истеҳсол шуда, дар саноати дорусозӣ ...

مسألة:

Ассалому алайкум. Банда донишҷў ҳастам ва дар Русия таҳсили илм мекунам. Дар як масъалаи фиқҳӣ бо мушкил дучор шудаам ва боиси шубҳаи ман шудааст. Желатин (моддае, ки аз устухон ва пўсти ҳайвон тайёр карда мешавад), ки дар кишварҳои ғайри исломӣ истеҳсол шуда, дар саноати дорусозӣ ва истеҳсоли собун истифода мегардад ва дар натиҷаи реаксияи химиявӣ ба моддаи дигар табдил ёфта, мазза ва рангу бўи худро гум мекунад, чӣ ҳукм дорад? Истеъмоли маҳсулоте, ки дар таркибашон ба миқдори 0.5 % то 2 % спирт доранд, ҷоиз аст ё на? Худованд ёру мададгоратон бод.

Саволдиҳанда: Шуҳрат

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар он чизе, ки ҳақиқати он бадал шавад, ҳукмаш низ бадал мешавад, яъне истифодаи чунин ашё ҷоиз мебошад. Истеъмоли давоҳое, ки дар таркибашон спирт доранд, назди Имоми Аъзам (р) ва Имом Абўюсуф (р) дуруст аст, модоме ки ба ҳадди масткунанда нарасад. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 21)

2018-12-13
2941
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.05.2025

أكثر
الفجر03:28
الظهر12:40
العصر17:51
المغرب19:48
العشاء21:18