مسألة № 01984

Барои чӣ мо тамоми корро мекунем, мехўрем, мехобем, соатҳои зиёд ба бозиҳои гуногун машғул мешавем, гузашти вақтро намефаҳмем, аммо 15 ё 20 дақиқа вақти намоз барои мо мушкил менамояд? Чаро табиати инсонӣ ин гуна аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Барои чӣ мо тамоми корро мекунем, мехўрем, мехобем, соатҳои зиёд ба бозиҳои гуногун машғул мешавем, гузашти вақтро намефаҳмем, аммо 15 ё 20 дақиқа вақти намоз барои мо мушкил менамояд? Чаро табиати инсонӣ ин гуна аст?

Саволдиҳанда: Баҳром

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, инсон табиатан роҳатталаб аст ва нафси ў ҳамеша ба корҳои номашруъ майл дошта, соҳибашро ба сўи амалҳои бад фаро мехонад. Чунонки Худованд мефармояд: “Ҳамоно нафс бисёр ба бадӣ амр мекунад”. (Сураи “Юсуф”, ояти 53) Яъне табиати нафси башарӣ чунин аст, ки ба бадӣ фармон медиҳад, зеро нафс ба сўи лаззатҳо гароиш дорад ва боздоштани он аз ин гароиш душвор аст. Дар ҳадиси шариф омада, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Чӣ мегўед дар бораи рафиқе, ки ҳамроҳи шумост, рафиқе, ки агар ўро гиромӣ дошта итоаташ кунед ва ўро бипўшонед, шуморо ба бадтарин фарҷом мерасонад ва агар ўро хор созед ва урёну гурусна бидоред, шуморо ба беҳтарин фарҷом мерасонад?” Асҳоб гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ! Инчунин рафиқе бадтарин рафиқ дар рўи замин аст”. Фармуданд: “Савганд ба Худое, ки ҷонам дар қабзаи қудрати ўст, ин рафиқ ҳамон нафсҳои шумост, ки дар миёни паҳлуҳоятон қарор дорад”. Аз ҳамин сабаб табиати одамӣ аз корҳои хайр гурезон аст, ўро барои итоати фармудаҳои Худованд ва анҷоми амалҳои нек одат бояд дод.

2019-01-07
3261
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38